Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авруосиё: Нархҳо аз ҳама бештар дар Қирғизистон гарон шудаанд


Дар пайи паҳн шудани коронавирус моҳи марти соли равон дар тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) нархи маҳсулоту тарифҳо боло рафтанд. Нархҳо аз ҳама бештар дар Қирғизистон гарон шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии омори Қирғизистон, сатҳи таваррум аз моҳи феврали соли равон то ба ҳол ба шакли зерин аст:

Арманистон - 0,5%
Белорус - 0,9%
Қазоқистон - 0,9%
Қирғизистон - 1,5%
Русия - 0,6%

Агар моҳи мартро бо моҳи декабри соли 2019 муқоиса кунем, чунин аст:

Арманистон - 1,7%
Белорус - 2,7%
Қазоқистон - 2,3%
Қирғизистон - 2,7%
Русия - 1,3%

Бино ба пешбинии Сандуқи байналмилалии пул, соли 2020 барои иқтисоди Қирғизистон дар 25 соли ахир вазнинтарин хоҳад буд. Рушди ММД низ дар ин кишвар эҳтимол дорад, то охири сол то 4% поин равад.

XS
SM
MD
LG