Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон аз Киев хост, дар ивази маблағ қазияи суқути "Боинг"-ро додгоҳӣ накунад


Ҳавопаймои украинӣ 8 январ дар фазои Теҳрон суқут дода шуд.
Ҳавопаймои украинӣ 8 январ дар фазои Теҳрон суқут дода шуд.

Мақомоти Эрон ба Украина пешниҳоди имзои тафоҳумномаеро доранд, ки ба суқути ҳавопаймои мусофирбари украинӣ марбут аст. "Боинг"-и мусофирбар 8 январ дар осмони Теҳрон, бо мушакҳои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон суқут дода шуд.

Теҳрон танҳо баъди 3 рӯзи ҳодиса эътироф кард, ки ҳавопайморо Сипоҳи посдорон "иштибоҳан" суқут додааст. Дар суқути ҳавопаймо ҳамаи 167 мусофир ва 9 халабони он ҷон бохтанд. Миёни онҳо шаҳрвандони Украина ҳам буданд.

Тарҳи тафоҳумномае, ки Эрон ба вазорати корҳои хориҷии Украина ирсол кардааст, амалан Украина ва хонаводаи фавтидагонро вазифадор мекунад, ки дар ивази дарёфти ҷуброн аз муроҷиат кардан ба додгоҳ, аз ҷумла додгоҳи байналхалқӣ, даст кашанд.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ки Украина ва хонаводаи фавтидагон бояд фоҷиаи мазкурро "иштибоҳи инсонӣ" эътироф ва аз шикоят кардан ба додгоҳ нисбати Эрон худдорӣ варзанд. Ба ҷуз аз пардохти ҷуброн, Эрон ҳамчунин ваъдаи интиқоли "қуттиҳои сиёҳ"-ро ба Украина медиҳад.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки Эрон ба ҳар кадом хонаводаи фавтидагони суқути ҳавопаймо 80 ҳазордолларӣ ҷуброн пешниҳод кардааст. Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ин маблағ хеле кам аст ва ҳукумати вай "талош мекунад, ки ҷуброни бештар рӯёнад".

XS
SM
MD
LG