Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусаллаҳон ба киштии нафткаше дар соҳилҳои Эрон нишастанд


Харитаи ҳаракати нафткаш дар соҳилҳои Эрон
Харитаи ҳаракати нафткаш дар соҳилҳои Эрон

Як созмони бритониёӣ ва ширкати хусусие гуфтанд, ки гурӯҳи мусаллаҳони ношиносе савори киштии нафткаше шуданд, ки дар наздикиҳои гулӯгоҳи Ҳурмузи Эрон шино мекард. Созмони тиҷорати баҳрииБритониё гуфт, ки киштӣ рӯзи 14 апрел соҳилҳои Эронро тарк кард, вале базудӣ озод карда шуд. Ширкати хусусии иттилооти баҳрии Dryad Global гуфт, маълум нест, ки то куҷо ин киштӣ дучори мушкил шуд ваё аз ҳимояти Эрон бархӯрдор будааст. Ширкат гуфт, ки киштии Ҳонгконг SC Taipei ном дошт ва ба самти Ал-Ҷубайли Арабистони Саудӣ ҳаракат мекард. Ба иттилои ин ширкат, дар дохили киштӣ 22 узви тим ҳама чиниҳо буданд. Хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки равобии ИМА ва Эрон бад аст. Таҳлилгарон мегӯянд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба таҳриму фишорҳои иқтисодии ИМА болои Эрон давоми як соли гузашта чандин киштиро азият кардааст. .

XS
SM
MD
LG