Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо стратегияи сабуктар кардани маҳдудиятҳоро андеша дорад


Сокинони биное дар Испания дар ҳолати инзивои хонагӣ
Сокинони биное дар Испания дар ҳолати инзивои хонагӣ

Рӯзи 15 апрел Иттиҳоди Аврупо қарор аст стратегияи хуруҷи тадриҷии кишварҳои узв аз маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ва бозгашт ба ҳаёти маъмулиро пешниҳод кунад. Нақшаи мақомоти аврупоӣ эҷоди талаботи умумӣ барои кишварҳои узвро дар назар мегирад, вале таъкид мешавад, ки иҷрои онҳо барои аксар кишарҳои аврупоӣ ҳатмӣ неву машваратӣ хоҳанд буд. Ҳар кишвари узви Иттиҳоди Аврупо мустақилона қарор мекунад, ки тадбирҳои сабуктар кардани маҳдудиятҳоро чигуна татбиқ хоҳад кард. Ин пешниҳод дастурамали кор дар давоми чанд моҳи оянда хоҳад буд. Дар амри иҷрои ин нақша, коҳиши қобили мулоҳизаи паҳншавии вирус ва фароҳамкунии беморхонаву рахти хоб барои беморони ҳолаташон сангин дар авлавият қарор мегирад. Бархе кишварҳои узв, мисли Австрия ва кишвари аз вирус шадидан осебдидаи Испания аллакай ба сабуктар кардани маҳдудиятҳо шурӯъ карданд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки тадбирҳои дар ин кишвар ҷоришуда то 11 май побарҷо мемонанд ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон қарор аст бо раҳбарони вилоятҳои федеролии ин кишвар рӯзи 15 апрел мулоқот карда мавзӯи сабуккунии маҳдудиятҳоро баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG