Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулода дар Қазоқистон то 1 май тамдид шуд


Қазоқистон, 13 апрел.
Қазоқистон, 13 апрел.

Вазъи фавқулодае, ки ба иллати коронавирус дар Қазоқистон ҷорӣ гашта буд, то субҳи 1 май тамдид шуд. Дар ин бора президенти Қазоқистон 14 апрел фармонеро содир кард. Ҳолати изтирорӣ дар Қазоқистон 16 март эълом шуда, бояд субҳи 15 апрел ба поён мерасид.

Ду шаҳри бузургтарини Қазоқистон - Алмато ва Нурсултон 19 март карантин шуданд. Дертар дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ карантин эълом гашт. Дар пайи эъломи ҳолати фавқулода ва карантин кардани баъзе аз шаҳрҳо вазъи иқтисодии сокинон дар Қазоқистон бад шуд.

Дар натиҷа мақомот ваъда доданд, ба ҳар шаҳрванде, ки дар пайи паҳн шудани коронавирус ҷои кор ва тиҷораташро аз даст додааст, 95 доллар кумакпулӣ хоҳанд дод. Дар баъзе аз шаҳрҳои Қазоқистон навбатпоии тӯлонӣ ва ҷанҷоли сокинон барои дарёфти ин кумак мушоҳида мешавад.

Дар Қазоқистон дар як рӯзи охир 33 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шуда, шумораи умумии беморон ба 1232 расид.

XS
SM
MD
LG