Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: "Қудрати президенти ИМА мутлақ аст"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед, 10 апрел, 2020.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зимни нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед, 10 апрел, 2020.

Губернатори иёлати Ню-Йорк Эндрю Куомо рӯзи сешанбе гуфт, омодааст зидди ҳама гуна қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи аз саргирии фаъолиятҳои иқтисодӣ дар давраи паҳншавии коронавирус, ки ба саломатии сокинони ин иёлат хатар дорад, ба додгоҳ шикоят барад.

Куомо дар суҳбат бо CNN гуфт, баҳси конститутсионии иёлат ва ҳукумати федеролӣ метавонад додгоҳӣ шавад. "Ин бадтарин коре аст, ки президент метавонад бо пайравӣ аз шеваҳои худкомагӣ анҷом диҳад", - изҳор дошт Эндрю Куомо.

Доналд Трамп рӯзи душанбе дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Кохи Cафед гуфт, "иёлатҳо наметавонанд бидуни таъйиди президент кореро анҷом диҳанд. Ӯ бо истинод ба Конститутсияи ИМА афзуд, ки "вақте нафаре президенти ИМА аст, қудрати ӯ мутлақ аст".

Норозигии худро ба ин гуфтаҳои Трамп ду сенатори машҳури ҷумҳурихоҳ низ баён доштанд. Сенатор аз иёлати Вайоминг Лиз Чейнӣ дар "Твиттер" навишт, ки "ҳукумати федеролӣ қудрати мутлақ надорад".

Сенатор аз Флорида Марко Рубио ҳам дар Твиттер навишт: "Тавсияҳои федеролии Маркази назорату пешгирӣ аз бемориҳо ва Кохи Сафед аҳамияти бузург доранд, вале Конститутсия ва ақли солим мегӯянд, ин гуна қарорҳо бояд дар сатҳи иёлатҳо гирифта шавад".

XS
SM
MD
LG