Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неругоҳи Чернобил. Оташ ба минтақаи саноатӣ наздик мешавад


Сухтор дар Чернобил, 10 апрел, 2020.
Сухтор дар Чернобил, 10 апрел, 2020.

Сӯхтор дар ҳудуди Неругоҳи барқи атомии Чернобил ба блоки чаҳоруми барқие наздик мешавад, ки дар натиҷаи садамаи моҳи апрели соли 1986 тахриб шуда буд. Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" иттилоъ медиҳад.

Оташсӯзӣ то шоми 13 апрел ба ҳудуди майдони саноатии паноҳгоҳи бехатарии нав расидааст, ки соли гузашта бунёд шуда буд. Оташ ба неругоҳ аз самти ғарбӣ наздик мешавад.

Ба гуфтаи экологи украин Ярослав Емеляненко, вазъ вахим буда, минтақа ба коми оташ фурӯ меравад, вале мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, "ҳама чиз таҳти назорат аст".

"Оташ дар дукилометрии анбори партовҳои радиоактивӣ қарор дорад. Дар онҷо партовҳои ҳамаи минтақаи Чернобил нигаҳдорӣ мешаванд", - иқтибос овардааст "Интерфакс" аз суханони экологи украин.

Бино ба навиштаи "Новая газета", оташсӯӣ дар минтақаи Чернобил 4 апрели соли равон сар зад. Як қисмати ҷангали "Рижий" ва хонаҳои қадимии партофташудаи маҳаллаи Полесское ба коми оташ фурӯ рафтаанд. Мақомоти Украина мегӯянд, сӯхтор барқасдона аст ва аллакай гумонбаронро дастгир кардаанд.

Нерӯгоҳи атомии Чернобил соли 1986 таркид ва ҳавои кишварҳои зиёдеро дар қаламрави Аврупо бо моддаҳои радиоактиви зиёновар олуда кард. Дар натиҷаи таркиш дар фурудгоҳи Чернобил дар замони шӯравии пешин даҳҳо нафар ҷон додан ва моддаҳои зиёновари хориҷшуда аз он баъдан ҳазорон нафари дигарро кушт.

XS
SM
MD
LG