Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти 42 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон субҳи 13 апрел 42 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора муовини вазири ҳифзи тандурустии он кишвар Нурболот Усенбоев хабар дод. Дар маҷмуъ дар Қирғизистон то имрӯз шумораи гирифторони вируси корона ба 419 расидааст.

Миёни гирифторони нав 16 тан аз ҷумлаи кормандони соҳаи тиб ҳастанд. То рӯзи 13-уми апрел теъдоди кормандони тиббии гирифтор ба коронавирус ба 79 расид.

Дар беморхонаҳои Қирғизистон аз шумораи умумии гирифторон 347 кас бистарӣ шудааст. Аз ин теъдод 11 кас ҳолати вазнин ва 6 тани онҳо дар шуъбаи эҳё қарор дорад.

Муовини вазир гуфт, вазъи 336 тани дигари мубталошуда муътадил арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG