Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон барои таҳқири мубталоёни коронавирус ҷавобгарӣ пешбинӣ кард


Тошканд, Узбекистон.
Тошканд, Узбекистон.

Ситоди фаврии Девони вазирони Узбекистон иттилоъ дод, ки барои таҳқири мубталоёни коронавирус ё худ COVID-19 ҷавобгарӣ пешбинӣ шуд.

Барои паст задани шаъну шарафи мубталоёни коронавирус ё шахсони дар карантин буда ва паҳни кардани маълумот дар бораи шахсияти онҳо ҷарима ба маблағи то 9 миллион сӯм ($930) муайян гаштааст.

Дар сурати анҷоми такрории амали мазкур шахс 22,3 миллион сӯм ҷарима, ё ба 300 соати кори ҳатмии ҷамъиятӣ ва ё ба муҳлати то 2 сол ба корҳои ислоҳӣ ҷалб хоҳад шуд.

Агар ифшои ғайриқонунии маълумот дар бораи шахсияти бемор оқибати ҷиддиеро дар пай дошта бошад, паҳнкунанда 44,6 миллион сӯм (4660 доллар) ҷарима, ё то ба 360 соат кори ҳатмии ҷамъиятӣ, ё ба муҳлати се сол ба корҳои ислоҳӣ ё ду соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.

Ахиран дар Узбекистон нафари чаҳорум аз коронавирус ҷон бохт. Ӯ сокини 59-солаи вилояти Фарғона аст, ки моҳи март аз Арабистони Саудӣ баргашта буд. Дар ин кишвар шумораи мубталоён ба 833 расидааст.

XS
SM
MD
LG