Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон бозиҳои футболро баргузор мекунад


Дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳои дунё бинобар паҳншавии коронавирус чорабиниҳои оммавӣ манъ шудааст, дар Туркманистон аз 19-уми апрел мавсими бозиҳои футбол оғоз мешавад. Лигаи футболи кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 24-уми апрел ба далели паҳншавии коронавирус мавсими нави футболро манъ кард.

Дар Туркманистон расман ҳеҷ ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт нашудааст. Дар рӯзҳои охир дар он кишвар чанд чорабинии оммавии варзишӣ баргузор гардид.

Туркманистон дар қатори чанд кишвари дигари дунё, аз ҷумла Белорус, Тоҷикистон, Никарагуа ва Бурундӣ ҷой гирифтааст, ки сарфи назар аз паҳншавии вабои ҳамагир, бозиҳои футболро баргузор мекунанд.

Ба иттилои Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, то 11-уми апрел дар саросари дунё 1,7 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, беш аз 100 ҳазор нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG