Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карантин дар Маскав сахттар ва ҳаракат бо иҷозатнома хоҳад шуд. ВИДЕО


Шаҳрдории Маскав аз 13-уми апрел карантини вобаста ба сирояти коронавирусро шадидтар карда, реҷаи ҳаракат бо иҷозатнома ё “пропуск”-ро ҷорӣ мекунад.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гуфт, сабаби сахттар кардани карантин афзоиши шумори беморони илтиҳоби шуш ё пневмония аст.

Ӯ гуфт, “иҷозатномаи ҳаракат аз ночорӣ аст. Вақте сухан аз ҳифзи тандурустии мардум меравад, интихоб нест. Мо мебинем, ки баъзеҳо тақозои низоми гӯшанишиниро иҷро намекунанд. Аз ҳафтаи ояндаи низоми ҳаракат бо иҷозатнома қадам ба қадам ҷорӣ мешавад.”

Иҷозатнома бар асоси ариза дода хоҳад шуд, вале мақомот ҳақ доранд онро тафтиш кунанд.

Пешбинӣ карда мешавад, ки кор дар сохтмонҳои пойтахти Русия мутаваққиф мешавад, вале шаҳрдории Маскав мегӯяд, кор дар сохтмони шифохонаҳо бе маҳдудият идома хоҳад кард.

Дар Маскав карантин шадидтар ва ҳаракат танҳо бо иҷозатнома хоҳад шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
XS
SM
MD
LG