Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус: Аломатҳои коҳишу эътидол ва таҳдиди нобасомониҳои иҷтимоӣ дар ҷаҳон


Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш
Дабири кулли СММ Антонио Гутерреш

Аломатҳои андаки ба нуқтаи авҷи худ наздик шудани пандемияи коронавирусро пешбиниҳои рукуди сартосарии иқтисодӣ ва эҳтимоли ошӯбҳои иҷтимоӣ халалдор мекунад. Антонио Гутерреш, дабири кулли СММ рӯзи 9 апрел гуфт, ки пандемия “ба пойдории сулҳу амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад ва ин чиз метавонад боиси афзоиши нобасомониҳои иҷтимоӣ ва хушунат шуда талошҳои мо барои мубориза бо бемориро ба ҳам занад”. Омори ахир дар ИМА нишон медиҳад, ки иқтисоди азими ҷаҳонӣ дар давоми се ҳафта 17 миллион ҷои кориро аз даст додааст. Ҳатто бо ин ки мизони маргумири инсонҳо беш аз 16 ҳазор нафар афзудааст, ба қавли мутахассиси аршади Кохи Сафед дар умури пандемия, фосилагирии иҷтимоӣ ва маҳдудиятҳо натиҷа медиҳад.

Дар кишварҳои дигар, масалан дар Аврупо, ҳодисаҳои интиқоли беморон ба беморхонаҳову олудашавиҳо дар ҳоли кам ваё мӯътадил шудан аст. Чунин ҳолат бо вуҷуди сабтшавии садҳо ҳодисаҳои нав дар рӯз, дар Испания, Итолиё, Фаронса ва Бритониё мушоҳида мешавад.

Дар Лондон рӯзи 9 апрел нахуствазир Борис Ҷонсон аз утоқи муроқибати шадид берун шуд ва ба утоқи маъмулии беморхона гузашт. Вазирони молияи Иттиҳоди Аврупо рӯзи 9 апрел ба мувофиқа расиданд, ки тадбирҳои кӯмаккунандаро дар ҳаҷми 500 миллиард евро роҳандозӣ мекунанд.

Дар ИМА ва Аврупо ишораҳо ба ин ки вазъ тадриҷан беҳтар мешавад, бархе ҳукуматҳоро ба андешаи сабуктар кардани маҳдудиятҳо овардааст, вале мутахассисони тиб ҳушдор медиҳанд, ки ҳама гуна амали пеш аз вақт ва осемасарона боиси бозгашти хатари паҳншавии вирус мешавад.

XS
SM
MD
LG