The Jamestown Foundation, як гурӯҳи таҳқиқотиву таҳлилӣ, ки қароргоҳаш дар Вашингтон аст, гуфт, аз он ки мақомоти Русия исми ин созмонро ба феҳристи “ташкилоти номатлуб” ворид кардаанд, кори онҳо дар Русия осеб намебинад. Оғози ҳафтаи ҷорӣ дафтари додситонии кулли Русия гуфт, ки ҳадафи матолиби The Jamestown Foundation ҷудоиандозӣ дар бархе минтақаҳои Русия, бахусус дар Қафқози Шимолӣ аст ва ба ҳамин хотир ҳам мавриди хатар мебошад. Тамғаи созмони “номатлуб” қадаме ба сӯи бастани созмон аст, дар сурате, ки мақомот бигӯянд, ки кори он ба манфиатҳои миллӣ осеб мерасонад. Вале дар изҳороти рӯзи 9 апрели Глен Ҳовард, президенти The Jamestown Foundation гуфта шудааст, ки ин ташаккул дар Русия дафтар, қароргоҳ ваё намояндагии расмӣ надорад. Ҳовард гуфт, ба ҳамин хотир тасмими мақомоти Русия ба кори онҳо дар амри таҳқиқу таҳлили таҳаввулоти Русия ҳеҷ таъсире нахоҳад гузошт.
Ин созмон дар бораи мардуми черкес бисёр навиштааст ва Ҳовард ҳам гуфт, ки аз таҳлилу таҳқиқи таърихи мардуми черкес, ки The Jamestown Foundation анҷом додааст, ифтихор мекунад.