Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар робита ба коронавирус аз Бонки исломии рушд кумак хост


Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо президенти Бонки исломии рушд (БИР) Бандар Ҳаҷар суҳбати телефониеро анҷом дод.

Ҷеенбеков ба раҳбарияти бонк пешниҳод кардааст, ки имкони кумак ба Қирғизистонро дар коҳиш додани оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии коронавирус баррасӣ кунанд.

Президенти Бонки исломии рушд дар навбати худ ваъда додааст, ки дархости кумаки Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Қирғизистон то кунун дар робита ба коронавирус аз Бонки осиёии рушд 200 ҳазор доллар, аз Бонки ҷаҳонӣ 12,15 млн доллар ва аз Сандуқи байналмилалии пул 120,9 млн доллар кумак дарёфт кардааст.

То 8-уми апрел дар Қирғизистон 270 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд.

XS
SM
MD
LG