Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд 52 хона зери об монд


Обхезӣ дар Самарқанд. 7 апрел, 2020.
Обхезӣ дар Самарқанд. 7 апрел, 2020.

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон рӯзи 6-уми апрел дар натиҷаи борони сахт 52 хона зери об монд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон 7-уми апрел хабар доданд, ки хонаҳоро аз обу лой тоза кардаанд.

"Дар натиҷаи борони сахт оби рӯдхонаи "Чашма", ки аз миёни маҳаллаи "Кулолон"-и Самарқанд мегузарад, баланд шудааст. Оби рӯдхонаи "Сиёбча" низ баланд шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиётро мушкил сохт", - омадааст дар иттилоияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон.

Ба огаҳии вазорат, дар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ 84 корманд, 11 техникаи махсуси мақомоти ҳолатҳои фавқулодда, 83 корманди мақомоти маҳаллӣ ва 12 воситаи нақлиёт иштирок доштанд.

Дар бораи ҳаҷми хисороте, ки сокинон дар пайи омадани сел дидаанд, чизе гуфта намешавад.

XS
SM
MD
LG