Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон ба озодии зиндониён дар шароити коронавирус


Зиндоне дар шаҳри Нурсултон
Зиндоне дар шаҳри Нурсултон

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки дар пайи густариши вируси корона аз мақомоти Қазоқистон озодии зиндониён ва қатъи таъқибҳои сиёсиро талаб кунанд.

Дар изҳороте, ки рӯзи 6 апрел нашр шуд, ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон гуфтанд, аз 16 март ба ин тараф - аз замони эъломи ҳолати фавқулода дар он кишвар - ҳадди ақал 32 ҳолати боздошти фаъолон сурат гирифтааст.

Ба бовари ҳомиёни ҳуқуқ, "мақомоти Қазоқистон дар ивази мубориза бо вируси корона ба таъқиби мухолифони сиёсӣ машғуланд".

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамзамон гуфтаанд, ки дар шароити паҳншавии вируси корона маҳбусон қишри осебпазир ҳастанд ва бояд шартан озод шаванд.

Дар Қазоқистон то имрӯз 670 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Чанде аз шаҳрҳо, аз ҷумла Алмато ва Нурсултон ба карантин гирифта шудаанд. Дар ин шаҳрҳо равуои сокинон маҳдуд ва фаъолияти бисёре аз корхонаҳо манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG