Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Радиои Азаттик ва ҳамкоронаш барои таҳқиқоти журналистӣ 


Нашри қисми аввали таҳқиқот журналистӣ рӯзи 25 ноябри соли 2019 мардумро бо талаби мубориза бо фасод ба майдони Алатоои шаҳри Бишкек баровард
Нашри қисми аввали таҳқиқот журналистӣ рӯзи 25 ноябри соли 2019 мардумро бо талаби мубориза бо фасод ба майдони Алатоои шаҳри Бишкек баровард

Тими муштараки журналистони бахши Қирғизии Радиои Озодӣ - Аззаттик, Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи қирғизии Kloop.kg бо ҷоизаи ба номи Том Реннер мукофотонида шуданд, ки аз ҷониби созмони амрикоии Гузоришгарону сардабирони таҳқиқгар (Investigative Reporters and Editors - IRE) таъсис шудааст.

Ин ҷоиза барои як силсила гузоришҳои таҳқиқотии журналистон дар бораи фош шудани шабакаи аз кишвари нодори Қирғизистон хориҷкунандаи миллионҳо доллар пулҳои нақд тақдим шуд.

IRE рӯзи 6 апрел дар изҳороте гуфт, ки силсилатаҳқиқоте зери унвони “Ғоратгарӣ ва сарпарастӣ дар қалби Осиёи Марказӣ” фошкории воқеии амалҳоест, ки мардум “аз тарси куштор намехоҳанд, ки гуфта шавад ва бешубҳа барои журналистон ҳам хатар эҷод мекунад”.

Дар ин таҳқиқи журналистӣ соҳибкори уйғуртабори 37-сола аз Шинҷони Чин Айкере Сайматӣ, ки бо пулшӯӣ машғул будааст, нақл мекунад, ки чигуна миллионҳо доллар маблағро аз Қирғизистон берун бурдааст”. Дар ин шабака исми чандин нафари бонуфуз, аз ҷумла мақомдорон ҳам фош мешавад.

Сайматӣ ноябри соли 2019 дар Истамбул кушта шуд, вале пеш аз он як баста санадҳоеро ба дасти журналистон дод, ки дар он нақшаи берун бурдани пулҳо аз Қирғизистон фош мешавад.

XS
SM
MD
LG