Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атмар номзад ба мансаби вазири умури хориҷии Афғонистон шуд


Ҳаниф Атмар
Ҳаниф Атмар

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон, номзадии Ҳаниф Атмар, яке аз рақибони интихоботияшро ба мансаби вазири корҳои хориҷии ин кишвар пешниҳод кардааст.

Атмар дар гузашта ба ҳайси вазири инкишофи деҳот, вазири маориф ва вазири корҳои дохилӣ кор кардааст. Дар замони ҳукумати ваҳдати миллӣ як муддат мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Афғонистон буд.

Ӯ яке аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар интихоботи соли гузашта буд ва раҳбарии тими сулҳу эътидолро ба уҳда дошт.

Вазири собиқи умури хориҷии Афғонистон, Салоҳиддин Раббонӣ, моҳи октябри соли 2019 аз мансабаш истеъфо дод.

Вай писари Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон аст ва аз оғози соли 2015 дар ин вазифа кор кардааст.

Раббонӣ аз муттаҳидони наздики Абдуллоҳ Абдулоҳ, раиси пешини ҳукумати иҷроияи Афғонистон ва рақиби умдаи президент Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳури он кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG