Дар як ҷаласаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО рӯзи 2 апрел вокуниши кишварҳо ба пандемияи коронавирус баррасӣ мешавад. Паймони низомии Атлантикаи Шимолӣ, ки аввалин бор дар таърихи 70-солааш ҷаласаро тавассути видео-конфронс барпо мекунад, гуфтааст, ки барои ҳимояти худ аз ҳама таҳдидҳо омода аст. Формати интернетии ташкили ҷаласа бо сабаби маҳдудият дар ҳаракату тамосҳои рӯбарӯи мардум интихоб шудааст. 30 вазири хориҷӣ қарор аст вокуниши ҳамоҳангшуда ба таҳдидҳои пандемияро баррасӣ бикунанд. Йенс Столтеберг, дабири кулли НАТО дар изҳороти рӯзи 1 апрелаш гуфт, “ҳадафи аввалиндараҷаи мо ин аст, ки бӯҳрони беҳдоштӣ ба як бӯҳрони амниятӣ табдил нашавад”. НАТО дар самти мубориза бо паҳншавии хабарҳои дурӯғини таблиғотӣ ҳам кор мекунад, чун бисёриҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Русияву Чин баланд кардаанд. Дар ҷаласаи НАТО ҳамчунин вазъ дар Ироқу Афғонистон баррасӣ шуда, узвияти Македонияи Шимолӣ дар ҳайати ин паймон шурӯъ аз ҳафтаи гузашта истиқбол хоҳад шуд.