Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Русия истихроҷи нафтро афзоиш намедиҳад


Русия сар аз 1-уми апрел истихроҷи нафтро афзоиш нахоҳад дод. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Bloomber, ин тасмим дар "ҷанги нархгузорӣ" бо Арабистони Саудӣ, ишораи сулҳомез хоҳад буд.

Ҳамсуҳбатони Bloomberg гуфтаанд, Риёз истихроҷи нафтро пас аз ба ҳам задани созишномаи ОПЕК дар ибтидои моҳи март афзоиш медиҳад. Арабистони Саудӣ коҳиши истихроҷи нафтро ба хотири ҳифзи иқтисод дар пасманзари сирояти коронавирус пешниҳод карда буд. Вале Русия ин пешниҳодро рад кард. Дар натиҷа арзиши нафт то 50 дарсад поин рафт.

Як мақоми баландпояи Русия дар суҳбат бо Bloomberg изҳор доштааст, ки дар вазъияти кунунӣ афзоиши истихроҷи нафт аз сӯи кишвараш маъно надорад. Ин дар ҳолест, ки вазири энержии Русия Александр Новак пештар гуфта буд, ин кишвар истихроҷи нафтро то ба 200-300 ҳазор бушка дар як рӯз зиёд мекунад.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 3-юми март гуфта буд, Вашингтон ба хотири пешгирӣ аз поинравии нархи нафт бо Москва ва Риёз гуфтугӯ мекунад. Ӯ аллакай ин масъаларо дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон матраҳ кард. Ба гуфтаи Трамп, ҷонибҳо барои гуфтугӯ омодаанд.

XS
SM
MD
LG