Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонеро барои латту кӯби як мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд


Илҳомҷон Ёқубов дар Литва ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст.
Илҳомҷон Ёқубов дар Литва ҳаққи паноҳандагӣ гирифтааст.

Пулиси шаҳри Каунаси Литва як нафарро бо иттиҳоми ҳамла ба Илҳомҷон Ёқубов, яке аз мухолифони фаъоли ҳукумати Тоҷикистон дар қаламрави он кишвар боздошт кардааст.

Пулиси шаҳри Каунас рӯзи 30-юми март дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, кормандони пулис дар ҷойи ҳодиса шахси ҳамлаварро муайян карданд, ки "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодаи соли 1993" мебошад.

Дар посух аз ин бештар иттилое надодаанд ва ному насаби фарди муттаҳам ба ҳамла, ангезаҳои ӯ барои латту кӯби Илҳомҷон Ёқубовро нагуфтаанд.

Айни замон пулиси Литва ба нашрияи LRT.lt гуфтааст, ҳамлавар шахсеро ҳадаф гирифтааст, ки Литва ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ додааст ва аз мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон аст. Илҳомҷон Ёқубов рӯзи 30-юми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин муддат муфаттишон танҳо як дафъа ӯро ба шахси ҳамлавар рӯ ба рӯ карданд ва бинобар хуруҷи короновирус идомаи тафтишот ба таъхир афтод.

Ёқубов афзуд, пулис аз ӯ хостааст, ба далели халал наёфтани тафтишот номи муттаҳам ба ҳамларо ошкор накунад. "Барои ман, ҳанӯз ангезаи ҳамлавар аниқ маълум нест", - гуфт ӯ.

Илҳомҷон Ёқубов субҳи душанбеи рӯзи 16-уми март дар мошини шахсе, ки қаблан ӯро мешинохт ва равобити тиҷоратӣ дошт, аз сӯи шахси севвум мавриди ҳамла қарор гирифт. Мегӯяд, ки ташхис нишон дод, мағзаш осеб дидааст ва устухони бинӣ ва қарбурғааш лат хӯрдаанд. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи латту кӯби Илҳомҷон Ёқубов шарҳе ва ё баёнияе надодаанд.

Илҳомҷон Ёқубов, муштзан ва қаҳрамони собиқи Осиёи Марказӣ, то соли 2014 раҳбари намояндагии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд. Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо, ки ӯ раҳбарӣ мекунад, яке аз чаҳор созмони узви Паймони миллии Тоҷикистон мебошад, ки як эътилофи созмонҳои мухолифи давлат аст ва аъзои он дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд.

Давлати Тоҷикистон ин паймонро созмони ифротгаро эълон кардааст. Худи Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ба зидди ӯ, бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ва даъвати оммавӣ барои ифротгароӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Баъди латту кӯби фаъоли сиёсии тоҷик, Дидбони Ҳуқуқи Башар як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ дар Ню-Йорк дар як изҳороте навишт, Тоҷикистон аз соли 2015 инҷониб мухолифонро таъқиб мекунад ва асосан дар Иттиҳоди Аврупо.

Созмон дар ин баёния хост, “Мақомоти Литва амнияти Ёқубовро таъмин кунад ва ҳамлаваронро ба ҷавобгарӣ кашида, фармоишгари ин ҳамларо муайян кунанд”.

XS
SM
MD
LG