Бозиҳои Олимпии Токио рӯзи 23 июли соли 2021 шурӯъ шуда, то 8 август идома мекунад. Санаи нави бозиҳо баъди он маълум шуд, ки бозиҳои имсолаи олимпӣ бо сабаби пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба таъхир уфтод. Қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ин замина рӯзи 30 март дар ҷаласаи шӯрои кумита қабул шуд. Исми бозиҳо тағйир намеёбад ва бо ин ки дар соли 2021 баргузор мешавад, таҳти номи “Токио 2020” хоҳад гузашт.
Бозиҳои паралимпӣ, ки бояд 25 августи имсол шурӯъ мешуд, дар таърихи 24 август то 5 сентябри соли 2021 барпо хоҳанд шуд.
Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфт: “Бовар дорам, ки ҳамроҳ бо ташаббускорони кумитаи тадорукотии Токио 2020, ҳукумати шаҳри Токиову Ҷопон ва дигар дастандаркорон, мо бар чолишҳои ғайримуқаррарӣ пирӯз мешавем”. Ӯ гуфт, “башарият худро дар дохили як нақби торике мебинад. Бозиҳои олимпии Токио 2020 метавонад рӯшноие дар охири ин нақби торик бишавад”.