Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии шартии Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар давраи бӯҳрони Ковид-19 тамдид шуд


Акси Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф аз хонаи падар баъди муваққатан озод шуданаш бардошта шудааст.
Акси Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф аз хонаи падар баъди муваққатан озод шуданаш бардошта шудааст.

Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар давраи бӯҳрони Ковид-19 муваққатан аз зиндон озод шуд.
Ҳамсари корманди созмони ёрирасони бритониёиву эронӣ гуфт, ки мӯҳлати озодии шартии Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф дар замони паҳншавии Ковид-19 дар Эрон боз то ду ҳафтаи дигар тамдид шуд. Ричард Ратклифф дар сӯҳбати имейлӣ бо Франс Пресс гуфт, ки аз падари Нозанин фаҳмид, ки озодии муваққатии ҳамсараш то 18 апрел тамдид шуд.

Ӯ афзуд, ки аз шунидани ин хабар хеле шод шудааст.

Нозанин Зоғарӣ-Ратклифи 41-сола, ки ҳоло дар хонаи падараш ба сар мебарад, қарор буд 4 апрел барои идомаи мӯҳлати ҳабс ба зиндони Эвини Теҳрон бармегашт. Қаблан шавҳараш гуфт, ки ӯ як дастбанд дорад ва он назорат мекунад, ки ҳаракати ӯ дар хонаи падар дар фосилаи 300 метр маҳдуд бошад.

Ин зан апрели соли 2016 боздошт ва моҳи сентябр гӯё барои “талоши сарнагун кардани режим” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Худи Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф ин иттиҳомотро рад карда гуфтааст, ки дар доираи кораш барои созмони ҷамъиятӣ ва ҳукумати Бритониё кор кардааст.

Рӯзи 17 март ҳамсараш хабар дод, ки Нозанин яке аз 80 ҳазор зиндонии эронӣ аст, ки дар пасманзари муборизаи ҳукумат бо паҳншавии коронавирус муваққатан ба озодӣ мебарояд.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 24 март гуфт, ки “тими ҳукуматӣ оид ба муқобила бо бӯҳрони коронавирус қарор кард, ки озодии шартии зиндониҳоро то 19 апрел тамдид кунад ва дар сурати зарурӣ ин озодии шартӣ тамдид хоҳад шуд”.

Эрон дар қаламрави Ховари Миёна осебдидатарин кишвар аз коронавирус ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар шумори гирифторон рӯзи 30 март аз 38300 нафар гузашта ҳалокати инсонҳо 2640 нафарро ташкил дод. Вале мутахассисон мегӯянд, ки ин шумор метавонад ниҳоӣ набошад, ба он хотир ки имкони аз санҷиш гузаронидани ҳама вуҷуд надорад.

Зоғарӣ-Ратклифф ҳамроҳ бо духтари хурдсолаш замоне, ки мехост баъди анҷоми сафари дидорбиниаш бо волидон ба хона баргардад, моҳи апрели соли 2016 дар фурудгоҳи Теҳрон боздошт шуд. Ӯ он замон корманди Бунёди Thomson Reuters буд. Бритониё озод кардани ӯву дигар дорандагони мақоми душаҳрвандиро талаб кард, вале Теҳрон душаҳрвандиро эътироф намекунад. Ҷеремӣ Ҳант, собиқ вазири хориҷаи Бритониё дар твиттераш навишт, ки таҳаввулоти ахир “қатраи умеде дар торикӣ” аст. Ӯ гуфт, “дуогӯем, ки ин хонавода дубора ба ҳам ояд”.

XS
SM
MD
LG