Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони мошин аз Тоҷикистон дар марзи Қазоқистон дармондаанд.ВИДЕО


Қазоқистон марзҳояшро барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус бастааст.
Қазоқистон марзҳояшро барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус бастааст.

Гуруҳе аз тоҷирони мошин аз Тоҷикистон мегӯянд, тақрибан ду ҳафта аст, ки дар марзи Русияву Қазоқистон бо мошинҳояшон дармондаанд ва намедонанд, чӣ кор кунанд. Шарифҷон Қаюмов яке аз ин тоҷирон ва сокини шаҳри Хуҷанд рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо тақрибан 30 нафаранд ва аз 18-уми март дар гузаргоҳи Сагарчин дар марзи Русияву Қазоқистон мунтазиранд, ки ба онҳо иҷоза бидиҳанд, то ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд. Ӯ гуфт: “Аз 18-уми март дар марзи Русияву Қазоқистон дар вилояти Оқтуба дармондем. Тақрибан 30 нафар ҳастем. Бачаҳо чанд бор ба консули Тоҷикистон дар Қазоқистон телефон кардем, касе ҷавоб надод.“

Тоҷирони тоҷик бо мошинҳояшон дар марзи Қазоқистон дармондаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Аммо вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, “баҳри вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита ба ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон бар асари ҳамагирии коронавируси нав (COVID-19), дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа телефонҳои шабонарӯзӣ фаъол мебошанд. Вазорат шумораи тамос бо намояндагиҳоро дар ин саҳифа гузоштааст.

https://mfa.tj/tg/main/view/5892/mushakhkhasoti-tamos-bo-namoyandagihoi-diplomati-va-konsulii-tojikiston-dar-khorija

Ҳукумати Қазоқистон бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламраваш марзҳояшро бастааст ва тоҷирони тоҷик дар вазъи мушкиле афтодаанд. Шарифҷон Қаюмов гуфт, ҳамаи тоҷирон мошинҳоро аз Литва ва Олмон харида ва қасд доштаанд, барои фурӯш ба Тоҷикистон баранд, ки ба ин ҳол гирифтор шудаанд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Мо шабамонро дар мошин рӯз мекунем. Пуле доштем барои хӯрдан тамом шуд, Мағозаҳо гуфтанд, карантин ҳамаҷо баста. Як ошхона буд ҳамонро ҳам бастанд. Барои харид бояд 15 километр баргашта равем.” Шарифҷон Қаюмов видеоеро аз наздикии гузаргоҳ ба Радиои Озодӣ фиристод, ки дар он мошинҳои мусофирбар ва сабукрав бо рақамҳои транзитӣ дида мешаванд. Ӯ гуфт, ки мошинҳо ба тоҷирони тоҷик тааллуқ доранд ва акнун онҳо намедонанд, бо онҳову мошинҳояшон чӣ мешавад. Баъди сирояти коронавирус дар кишварҳои гуногун садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон бахусус дар Русия дармонданд.

XS
SM
MD
LG