Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико ба ҷудо кардани 2 триллион доллар ризоият дод


Сенати Амрико
Сенати Амрико

Сенати Амрико рӯзи 25-уми март тарҳи кумаки ду триллион доллариро қабул кард.

Тарҳ пас аз густариши коронавирус дар Амрико ба хотири ёрӣ ба иқтисод ва пуштибонӣ аз сохторҳои ин кишвар омода шудааст.

Тибқи он, имтиёзҳо барои бекорон афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин ин тарҳ 350 миллиард доллар кумак ба соҳибкории хурдро дар назар гирифтааст, то ба коргароне, ки ба хотири коронавирус хонанишин шудаанд, пул пардохта шавад.

Қарор аст, Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 27-уми март дар робита ба ин бастаи иқтисодӣ овоз диҳад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, тарҳро имзо хоҳад кард.

Ба ҳисоби Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор нафар бар асари гирифторӣ ба коронавирус дар Амрико ҷон бохта, тақрибан ҳафтод ҳазор каси дигар ба ин вирус олуда шудаанд.

XS
SM
MD
LG