Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равуо ба Бишкек дар асоси санади ҷои зист сурат мегирад


Алмосбек Орозалиев, раҳбари ситоди шаҳри Бишкек
Алмосбек Орозалиев, раҳбари ситоди шаҳри Бишкек

Раҳбари ситоди шаҳри Бишкек Алмосбек Орозалиев гуфт, дар вазъияти фавқулода сокинони пойтахти Қирғизистон, ки қайди расмии будубош надоранд, бояд аз маҳалли зисти воқеияшон маълумотнома бигиранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар пойтахти Қирғизистон як қатор чораҳои маҳдудкунанда ҷорӣ шуда, феълан шумори қоидавайронкунандаҳо ба қайд гирифта нашудааст.

"Ҳамаи онҳое, ки дар Бишкек қайди расмӣ надоранд, бояд аз маҳалли зисти воқеияшон маълумотнома бигиранд. Ҳамчунин онҳое, ки дар пойтахт кор мекунанд ва дар берун аз он зиндагӣ доранд, бояд аз ҷои кори худ маълумотнома гиранд. Дар асоси ин маълумотномаҳо ба онҳо иҷозати даромаду баромад дода мешавад", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Орозалиев, аз соати 8-и шаби 25-уми март дар Бишкек соати комендантӣ ҷорӣ шуда, зидди ҳар нафаре, ки онро нақз мекунад, чора андешида хоҳад шуд.

Муовини коменданти Бишкек Азизбек Алимкулов гуфт, дар ҷараёни вазъияти изтирорӣ ҳамаи муассисаҳои тиббӣ бояд фаъолият кунанд.

Дар Қирғизистон то рӯзи 25-уми март шумори онҳое, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, ба 44 нафар расид.

XS
SM
MD
LG