Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар саросари Узбекистон марказҳои карантин таъсис мешавад


Самарқанд пас аз эълони карантин камодам шуд.
Самарқанд пас аз эълони карантин камодам шуд.

Марказҳои карантини вируси корона дар ҳамаи минтақаҳои Узбекистон сохта мешавад.

Дар ин бора дар қарори девони вазирони Узбекистон аз 23-юми март "Дар бораи чораҳои иловагии пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона" зикр шудааст.

Бино бар қарори мазкур, 4 марказ дар Қарақалпоқистон, 3 марказ дар Тошканд ва дар ҳамаи вилоятҳои дигари Узбекистон якмарказӣ таъсис мешавад.

Марказҳои карантинро дар истироҳатгоҳҳо, муассисаҳои табобатӣ ва меҳмонхонаҳо таъсис медиҳанд.

Ба ҷуз ин, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои аксбардориву наворбардорӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар василаҳои иттилоотии афроди дар карантинбуда муваққатан мусодира мешавад.

Сар аз 24-уми март дар саросари Узбекистон низоми сахти пешгирӣ аз вируси корона роҳандозӣ шудааст. То 24-уми март дар Узбекистон 50 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG