Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз коронавирус меҳвари гуфтугӯи Қоҳир Расулзода бо сарвазири Узбекистон


Қоҳир Расулзода (аз рост) бо Абдулло Орипов.
Қоҳир Расулзода (аз рост) бо Абдулло Орипов.

Нахуствазири Тоҷикистон бо ҳамтои узбекистониаш гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тамоси телефонӣ миёни Қоҳир Расулозода ва Абдулло Орипов рӯзи 22-юми март бо ташаббуси ҷониби Узбекистон сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо, ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва "таъмини амният ва саломатии ҷомеа" будааст. Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, ки ҷонибҳо дар мавриди қатъи муваққатии равуои шаҳрвандони ду кишвар, ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва шахсӣ ба исниснои мошинҳои борбар, мубодилаи афкор намуданд.

Рӯзи гузашта Вазорати корҳои дохилӣ ҳам эълон кард, ки ҳукумати Узбекистон аз рӯзи 23-уми март марзҳояш бо Тоҷикистонро мебандад. Вазорат бо ирсоли паёмак ба шаҳрвандон гуфтааст, "ба самъи шумо мерасонем, ки ба сабаби паҳн шудани коронавирус Узбекистон аз соати 6 субҳи рӯзи 23-уми март сарҳадаш бо Тоҷикистонро мебандад".

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ки теъдоди гирифторони Ковид-19 дар ин кишвар ба 41 нафар расидааст ва чаҳор беморро аз байни онҳое пайдо кардаанд, ки дар карантин буданд.

Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон мегӯянд, ки ҳеҷ мавриди сирояти беморӣ сабт накардаанд. Дар Қирғизистон то 22-уми март 14 мавриди сирояти беморӣ сабт шудааст ва яке аз онҳо дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон будааст. Дар ин кишвар аз рӯзи 22-уми март вазъи фавқуллода эълон шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ, вирус бештар аз ҳама ба Қазоқистон сироят кардааст ва дар инҷо то 22 -уми март 56 мавриди бемориро расман сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG