Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Амрико ба қабули барномаи наҷот наздик шудаанд


Митч Макконел

Вакилони баландпояи Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Сенати Амрико мегӯянд, вакилони конгресс ба қабули барномаи як триллиондолларии кӯмак ба иқтисоди осебдида аз коронавирус наздик шудаанд. Митч Макконел, раҳбари ҷиноҳи ҷумҳурихоҳон баъди ду рӯзи музокироти фаврӣ дар бораи барнома субҳи 22-уми март гуфт, “Мо барои ёрии чашмгир ба амрикоиҳо.. омода шудаем.”

Ӯ афзуд, ки дар гуфтугӯҳои намояндагони ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократ созиш тақрибан ҳосил шудааст. Азбаски Ҳизби ҷумҳурихоҳ, палатаи болоӣ, яъне сенатро дар даст дорад, дастури кори онро муайян мекунад. Чак Шумер, раҳбари ҷиноҳи демократҳо дар Сенат ба Си Эн Эн гуфт, ки дар расидан ба созиш “бисёр хушбин” аст.

Бар асоси барнома, ҳукумати Амрико бояд пули онҳоеро, ки ба сабаби карантин ба кор намераванд, барои муддате бипардозад. Қарор аст, гуфтугуҳо дар бораи қабули барномаи кӯмакӣ рӯзи 22-уми март идома кунад.

XS
SM
MD
LG