Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадбирҳои иловагии зидди коронавирус дар Осиёи Марказӣ


Назорати тиббӣ дар ноҳияи Сузаки Қирғизистон
Назорати тиббӣ дар ноҳияи Сузаки Қирғизистон

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мақомот тадбирҳои иловагиро ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вируси нав рӯи даст гирифтанд.

Вазорати нақлиёти Узбекистон дар шабакаи Телеграм хабар дод, ки аз 20 март ба мӯҳлати 40 рӯз ҳаракати мусофиронро ба хориҷа дар ҳама роҳҳои ҳавоиву заминӣ қатъ мекунад.

Ин муқаррарот ба хадамоти боркашонӣ рабт надорад. Инчунин рӯзи 20 март президент Шавкат Мирзиёев қонунеро имзо кард, ки бар асоси он барои муқобила бо коронавирус дар ин кишвар бунёди зиддибӯҳронӣ бо буҷаи 1-миллиарддолларӣ таъсис мешавад.

Дар Узбекистони иборат аз 32 миллион ҷамъият то ҳол 33 ҳолати олудагӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст.

Рӯзи 20 март дар Қазоқистони ҳамсоя панҷ ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус гузориш шуд. Ду ҳодисаи аввалин дар берун аз шаҳрҳои асосии Нурсултон ва Алмаато ба қайд гирифта шуданд. Бо се ҳодисаи нав дар Алмаатову ду ҳодиса дар Қарағанда, шумори умумии гирифторон ба коронавирус дар Қазоқистон ба 49 нафар баробар шуд. Рӯзи 19 март ходимони полис роҳҳои ҳаракат ба Нурсулттн ва Алмааторо масдуд карданд.

Дар шаҳри Нукати Қирғизистон рӯзи 20 март мақомот ҳолати изтирорӣ ҷорӣ карданд. Дар ин ҷо шумори олудашудаҳо се нафар афзоиш ёфта дар умум шаш нафар шуд. Дар ноҳияи Сузак баъди ошкоршавии вирус дар бадани се сокини маҳаллӣ ҳамчунин ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Бовар меравад, ки ҳамаи шаш олудашуда аз сафари Арабистони Саудӣ баргаштаанд.

Дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҳодисаи олудагӣ ба коронавирус гузориш нашудаааст, аз 20 март тамоми рарвозҳои байналмилалӣ қатъ шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Туркманистон хабар медиҳанд, ки шурӯъ аз 19 март пойтахт – шаҳри Ишқобод бо посгоҳҳо иҳота шуда танҳо ба сокинони пойтахт иҷозаи вуруд ба шаҳр дода мешавад. Мақомоти Туркманистон ҳам то ҳол аз эҳтимоли сабтиноми гирифторони коронавирус хабар надодаанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафар дар дохили кишвар ҳам маҳдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG