Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ раҳбари «Казатомпром» Мухтор Ҷақишев шартан аз зиндон озод шуд. ВИДЕО


Акси Мухтор Ҷақишев аз соли 2009
Акси Мухтор Ҷақишев аз соли 2009

Мухтор Ҷақишев, собиқ раҳбари ширкати «Казатомпром», рӯзи 19 март баъди 11 соли ҳабс шартан ба озодӣ баромад. Ӯро дар назди дарвозаи зиндони шаҳри Семей, ки дар вилояти Шарқии Қазоқистон ҷойгир аст, даҳҳо фаъолон пешвоз гирифтанд.

Ҷақишев савори мошин ва ҳамроҳи ҳамсараш аз пушти дарвозаҳои зиндон берун шуд. Ҷақишев гуфт, ки ният дорад ба Алмаато равад ва ба мардум ташаккур карда ба роҳаш идома дод.

Ба пешвози раҳоии Ҷақишев аз зиндони Семей даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ баромада буд. 19 март
Ба пешвози раҳоии Ҷақишев аз зиндони Семей даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ баромада буд. 19 март


Ҷақишев соли 2009 ҳабс ва бо иттиҳоми фасодхорӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Фаъолони ҳуқуқ ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Онҳо мегӯянд, ки замони раҳбарии Ҷақишев ширкати «Казатомпром» ба истеҳсолкунандаи муҳими уран дар ҷаҳон табдил шуд.

Бо вуҷуди ин ки Ҷақишев фаъолиятҳои сиёсӣ накардааст, соли 2013 ӯро созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқи инсон як зиндонии сиёсӣ унвон карданд. Онҳо мегӯянд, ки дӯстиаш бо собиқ бонкдору мунаққиди ҳукумат Мухтор Аблязов, ки аз соли 2009 дар хориҷа ба сар мебарад, боиси таъқибҳои сиёсии Ҷақишев шуд. Бо талаби озод кардани Ҷақишев борҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла СММ садо баланд кардаанд.

Мухтор Ҷақишев, як зиндонии сиёсии Қазоқистон ба озодӣ баромад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG