Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карантини 300 шаҳрванди Қирғизистон баъди баргашт аз ҳаҷҷи умра


Як коргоҳи дӯзандагӣ дар Қирғизистон, ки ниқобҳои тиббӣ омода мекунад.
Як коргоҳи дӯзандагӣ дар Қирғизистон, ки ниқобҳои тиббӣ омода мекунад.

Муовини вазири тандурустии Қирғизистон Толо Исоқов дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек гуфт, рӯзҳои наздик 300 шаҳрванди ин кишвар аз ҳаҷҷи умра, аз Арабистони Саудӣ бармегарданд ва ҳамаи онҳо ба карантин гирифта хоҳанд шуд.

"Фардо 100 нафар, пасфардо 200 кас меоянд. Албатта, ҷои нигаронӣ нест. Агар мегуфтанд, ки ҳамин қадар бемор меояд, пас ҷои нигаронӣ буд. Онҳо бемор нестанд, ҳамаашон шаҳрвандони мо ҳастанд. Албатта, ҳамаи онҳо ташхис ва ба карантин гирифта мешаванд",-изҳор дошт Исоқов.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қирғизистон барои ба карантин гирифтани 1600 кас ҷой омода шудааст ва феълан 1300 ҷой холӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир 321 касе, ки аз хориҷ баргаштаанд, зери назорати табибон қарор доранд.

Дар Қирғизистон бори нахуст дар се сокини ноҳияи Сузак коронавирус ошкор шуд. Ҳамаи онҳо аз Арабистони Саудӣ баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG