Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА санҷиши ваксинаи зидди коронавирус шуруъ шуд


Озмоиши воксини зидди коронавирус дар Kaiser Permanente Washington Research Institute дар шаҳри Сиэттл шурӯъ шуд. 16 марти соли 2020
Озмоиши воксини зидди коронавирус дар Kaiser Permanente Washington Research Institute дар шаҳри Сиэттл шурӯъ шуд. 16 марти соли 2020

Дар Амрико якумин санҷиши ваксина барои пешгирии коранавирус сар шуд. Ба гузориши хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” рӯзи 17-уми март ба чаҳор бемор дар пажӯҳишгоҳи Kaiser Permanente дар Сиэттл (Вашингтон) ваксина заданд.

Ваксина наметавонад сабаби Ковид-19 шавад, аммо коди безарари генетикӣ дорад, ки аз вируси беморкунанда нусхабардорӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, моҳҳои зиёде даркор аст, то донанд, ки ин ваксина ва ё дигар пажуҳишҳое, ки гузаронида мешаванд, кор хоҳанд кард ё не.

Аввалин касе, ки рӯзи душанбе ин ваксинро ба тани ӯ заданд, модари 43-сола аз Сиэттл буд. Ҷеннифер Ҳаллер ба “Ассошиэйтед Пресс” гуфт: "Ин як фурсати шигифтангез аст барои коре анҷом додан".

Донишмандон дар саросари ҷаҳон рӯи таҳқиқоти босуръате кор мекунанд.

Дар саросари ҷаҳон беш аз 169 ҳазор нафар ба коронавирус олуда шуда, то ҳол 6500 нафар бар асари ин вирус ҷон додаанд. Шумори афроди сиҳатшуда 77 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG