Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои кушодани роҳи муҳоҷирон бо Узбекистону Қазоқистон гуфтугӯ дорад


Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, барои кушодани роҳи шаҳрвандони кишвар, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд, бо мақомоти ин ду кишвар гуфтугӯ доранд.

Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз нимашаби 16-уми март ҳангоми бозгашт ба ватан дар гузаргоҳи Навоии Узбекистон дармонданд. Мақомоти Тошкент баъд аз хуруҷи коронавирус дар ин кишвар ҳама марзҳои худро бастанд.

Масъулини Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз дармондани шаҳрвандони кишвар дар марзи Қазоқистону Узбекистон огоҳанд ва барои ҳалли мушкил талош доранд.

Ба гуфтаи масъулини Вазорати умури хориҷӣ, сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Нурсултон ва Тошкент "бо ҷониби Қазоқистону Узбекистон барои ҳалли масъала кор карда истодаанд".

Дар айни замон Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандон хостааст, аз сафар ба Қазоқистон ва Узбекистон, аз ҷумла сафарҳои транзитӣ дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳангоми бозгашт аз Русия ба ватан дар марз дармонданд мегӯянд, намояндагони сафорати Тоҷикистон ба назди онҳо омада ваъда доданд, ки барои ҳалли мушкилашон кӯмак мекунанд.

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд. Узбекистон рӯзи душнбе бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус марзҳои худро ба рӯйи хориҷиён баст.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ин иқдом ногаҳонӣ буд ва онҳо бо зану кӯдаконашон соатҳо боз дар сарҳад банд мондаанд.

XS
SM
MD
LG