Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Louis Vuitton маводи зидди уфунат истеҳсол мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бузургтарин ширкати истеҳсолкунандаи атр дар дунё - LVMH - ба истеҳсоли маводи зидди уфунатӣ шуруъ кард.

Ҳамакнун ин ширкат ба ивази атр ва маводи ороишии тамғаҳои Christian Dior, Guerlain ва Givenchy моеи зидди уфунат истеҳсол мекунад.

Бернар Арно, президенти ширкат чунин тасмим гирифта ва маводи истеҳсолшуда ба ихтиёри давлати Фаронса супурда мешавад. Тақсими маводи истеҳсолкардаи ширкати мазкур ба 40 бемористони Порис аз 16-уми март оғоз мегардад.

"Моеи зидди уфунатӣ ҳамон миқдоре истеҳсол мешавад, ки ба он зарурат хоҳад буд", - хабар доданд дар ширкат.

Ба хотири пешгирӣ аз мубталошавӣ ба вируси корона табибон тавсия мекунанд, ки дастҳоро бояд бо собун ё моеи назофатӣ шуст.

Дар Фаронса 120 кас дар пайи мубтало шудан ба вируси корона фавтидааст. Шумори умумии мубталошудаҳо ба 5400 кас мерасад.

XS
SM
MD
LG