Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи гирифторон ба корона дар Узбекистон ба 4 тан расид


Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Узбекистон рӯзи душанбеи 16-уми март ба 4 тан расид. Дар ин бора хабаргузории русии "Интерфакс" рӯзи 16-уми март бо такя ба Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Узбекистон, нишонаҳои беморӣ дар ду кӯдаки як зани мубтало ба ин вирус, ошкор шудааст. Манбаъ мегӯяд, ки ин бемор рӯзи 15-уми март тариқи парвози Uzbekistan Airways аз Истанбул ба Тошканд баргаштааст.

Мақомоти Узбекистон рӯзи якшанбеи 15-уми март нахустин ҳолати гирифтор шудани як шаҳрванди ин кишвар ба вируси хатарноки КОВИД-19-ро тасдиқ карда буданд. Онҳо рӯзи 15-уми март гуфтанд, бемор аз Фаронса баргаштааст ва барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси нав тамоми чораҳоро меандешанд. Ҳамин тариқ, шумораи гирифторон ба ин беморӣ дар Узбекистон ба 4 тан расид

Абдулло Орифов, сарвазири Узбекистон, 15-уми март дар як нишасти кӯтоҳи хабарӣ гуфт, аз рӯзи душанбе иртиботи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар ва вуруди хориҷиҳо ба Узбекистон ва сафари шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ манъ карда мешавад. Ҳаракати қатори роҳи оҳан баъд аз се рӯз қатъ мегардад.

Ба гузориши расонаҳои Узбекистон, сарвазир Абдулло Орифов афзудааст, мактабҳо низ дастикам барои се ҳафта таътил шуда, маъракаҳои бахшида ба ҷашни Наврӯз бекор мегарданд.

Узбекистон кишвари дувуми Осиёи Марказӣ аст, ки дар қаламрави он вируси хатарнокро сабт кардаанд. Аз он пеш дар Қазоқистон ҳашт мавриди гирифтории сокинон ба ин вирус тасдиқ шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон ва Туркманистон, кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, расман мегӯянд, ки то кунун ҳеч мавриди мубтало шудани сокинон ба ин вирусро сабт накардаанд.

XS
SM
MD
LG