Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Узбекистон ба Тоҷикистон меояд


Машқҳои низомӣ дар Узбекистон
Машқҳои низомӣ дар Узбекистон

Рӯзи охири машқҳои муштараки зиддитеррористии нирӯҳои Тоҷикистону Узбекистонро дар машқгоҳи низомии Фахрободи Тоҷикистон вазири дифои Узбекистон Баҳор Қурбонов ва ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо назорат хоҳанд кард. Дар ин бора вебсайти ИнфоШос хабар медиҳад, ки марбут ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Машқҳои муштараки зиддитерористии нирӯҳои таъиноти махсуси вазорати дифои ду кишвари ҳамсоя 11 март шурӯъ шуда имрӯз натиҷагирӣ мешаванд. Инчунин қарор аст баъди анҷоми машқҳо вазирон дар бораи масоили мавриди ҳамкорӣ дар бахши низомию фаннӣ сӯҳбате анҷом диҳанд.

Робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки дар аҳди президенти собиқ Ислом Кааримов тақрибан ба ҳеҷ баробар шуда буд, аз соли 2018 бо сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев комилан тағйир ёфт. Ҳамкориҳои наздики ду ҳамсоя на танҳо сиёсату иқтисод, балки масоили низомиро низ фаро мегирад. Тошканду Душанбе мегӯянд, ки ҳадафҳои онҳо дар амри мубориза бо таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ҳамсон аст. Дар ду-се соли гузашта воҳидҳои низомии ду кишвар чандин бор машқҳои муштарак барпо кардаанд.

Ин сафари дуюми Баҳодур Қурбонов дар мақоми вазири дифои Узбекистон ба Тоҷикистон мешавад. Сентябри соли 2019 ӯ бори аввал аз Тоҷикистон дидан карда буд.

XS
SM
MD
LG