Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин ҳодисаи марг аз коронавирус дар Украина


Дар Украина як бемори КОВИД-19 фавтид
Дар Украина як бемори КОВИД-19 фавтид

Мақомоти Украина аз нахустин ҳодисаи марги инсон аз коронавирус хабар доданд.

Олексий Данилов, котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъ гуфт, Украина марзҳояшро барои ҳамаи хориҷиён хоҳад баст. Ин дастур дар 48 соати оянда ҳукми иҷро хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи вай, чораи мазкур ду ҳафта давом хоҳад кард ва ҳадаф аз он пешгирии паҳншавии коронавирус дар кишвар аст.

«Вазорати корҳои хориҷӣ акнун ҳамаи муассисаҳо ва тамоми кишварҳоро ҳушдор медиҳад, ки сарҳади Украина барои шаҳрвандони хориҷӣ дар давоми ду ҳафтаи оянда баста мешавад. Пас аз ду ҳафта, вобаста ба он ки вазъ чӣ гуна мешавад, мо дар ҷаласаи Шӯрои амният ва дифоъ дар бораи идома додан ё бекор кардани ин чора қарор қабул хоҳем кард", -- гуфт Данилов ҳангоми танаффуси ҷаласаишурои мазкур.

XS
SM
MD
LG