Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

 Фейсбук ва Твиттер корбарони дурӯғини ҳамлагар ба амрикоиҳоро пок мекунанд


Фейсбук ва Твиттер шабакаҳои серистифода дар ҷаҳон мебошанд
Фейсбук ва Твиттер шабакаҳои серистифода дар ҷаҳон мебошанд

Шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер гуфтанд, ки чандин саҳифаи корбарони ғайривоқеиро, ки ба Русия рабт доранд ва аз Ғано ва Нигерия истода амрикоиҳоро ҳадаф қарор медиҳанд, нобуд карданд. Фейсбук рӯзи 12 март бо пахши изҳороте гуфт, ки саҳифаҳои нобудшудаи корбарон дар “марҳилаи аввали” эҷоди муштариҳо дар Русия буданд ва бо нашри матолиби марбут ба хабару овозаҳо дар бораи шахсиятҳои маъруф ва мавзӯи мӯд машғул буданд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки таҳқиқи онҳо собит кард, ки ин ҳама саҳифаҳо бо як созмони ҷамъиятии воқеъ дар Ғано бо номи EBLA (Eliminating Barriers To The Liberation Of Africa) ва ҳам шахсиятҳое рабт доштанд, ки дар гузашта бо Оҷонсии таҳқиқоти интернетии Русия кор кардаанд. Ин оҷонсиро бо тарзи дигар “фабрикаи ҷавоб” меноманд, ки дар Санкт-Петербург амал мекунад.

Мушовири вижаи ИМА Роберт Мюллер исми ин оҷонсиро чандин бор дар робита бо таҳқиқоти марбут ба дахолати Русия ба интихоботи соли 2016-и ИМА зикр карда буд. Твиттер гуфт, ки саҳифаҳои покшуда дар ин шабака дар бораи тафовуту тафриқаҳои иҷтимоиву нажодӣ менавиштанд, ҳарчанд ба навиштаи ин шабака, дида нашуд, ки пуштибони кадом номзаду идеологияи мушаххасе бошанд. Ширкатҳо гуфтанд, ки 49 адресу 69 саҳифаи фейсбукӣ, 85 саҳифа дар Инстаграм ва 71 саҳифа дар Твиттерро нобуд карданд.

XS
SM
MD
LG