Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Канада ва ҳамсараш карантин шуданд


Нахуствазири Канада бо хонаводааш. Акс аз бойгонӣ.
Нахуствазири Канада бо хонаводааш. Акс аз бойгонӣ.

Софи Грегуар, ҳамсари нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ба коронавирус мубтало шудааст. Пеш аз он, ки ҷавоби озмоиши хонуми нахуствазири Канада мусбат эълон шавад, оқои Трюдо низ бар асоси тавсияҳои мавҷуд худро дар карантини хонагӣ қарор дода буд.

Табибон ва пажӯҳишгарони ниҳодҳое монанди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз афроде, ки дар тамоси наздик бо гирифторон ба вируси корона ҳастанд, мехоҳанд то худро ба муддати 14 рӯз дар карантин қарор диҳанд.

Сухангӯи Ҷастен Трюдо дар "Твиттер" навишт, нахуствазири Канада дар вазъияти хуб қарор дорад. Бинобар гузоришҳо, ҳанӯз ҳеҷ нишонае аз ин беморӣ дар ӯ мушоҳида нашудааст.

Софи Грегуар - ҳамсари нахуствазири Канада ҳоло зери муоинаи табибон қарор дорад. Ӯ ахиран ба Бритониё сафар карда буд. Вазъияти ӯ муносиб гуфта мешавад ва барои рӯзҳои оянда ҷудо аз дигарон хоҳад буд.

Канада то рӯзи панҷшанбе гирифтор шудани 138 тан ба вируси коронаро таъйид кардааст.

XS
SM
MD
LG