Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони амрикоӣ мехоҳанд, воридоти мол аз Шинҷон манъ шавад


Яке аз марказҳои "бозомӯзӣ" дар Чин
Яке аз марказҳои "бозомӯзӣ" дар Чин

Кумиссиёни муштараки Конгресси Амрико иборат аз намояндагони ду ҳизб санадеро пешниҳод кардаанд, ки хариди молу маҳсулот аз вилояти Шинҷон, як минтақаи умдатан мусулмонишини Чинро мамнӯъ мекунад. Вакилони амрикоӣ мегӯянд, ҳадафашон поён додан ба кори иҷбории уйғӯрҳои мусулмони Чин аст, ки онҳоро маҷбур дар боздоштгоҳу корхонаҳо кор мефармоянд.

Лоиҳаи Қонун дар бораи манъи кори маҷбурии уйғӯрҳоро Кумиссиюни Иҷроияи Конгресс Барои Чин рӯзи 12-уми март муаррифӣ кард. Бар асоси он, воридоти ҳаргуна мол аз Шинҷон ба Амрико манъ аст, ба шарте ки Хадамоти гумрук ва марзбонии Амрико далелҳои собите дошта бошад, ки молҳои мазкур ҳосили кори маҷбурӣ нест. Ҳукумати Чин қарори вакилони амрикоиро танқид кард ва гуфт, ки Амрико бояд истифода” аз масъалаи ҳуқуқи инсон барои мудохила ба умури дохилии Чинро бас кунад.”

Созмони Милали Муттаҳид соли 2019 гуфт, ки ба тахмини созмон 1 миллион уйғӯр ва дигар аққалиятҳои бумии туркзабони мусулмон дар Шинҷон дар марказҳои “муқобила бо терроризм” дар вилояти Шинҷон нигаҳ дошта мешаванд. Ба қавли СММ миллионҳо нафари дигарро ба ӯрдугоҳҳои бозомӯзӣ бурдаанд. Мақомоти Чин мегӯянд, ки ин урдӯгоҳҳо “марказҳои вижаи бозомӯзӣ” аст, ки ба мардум кӯмак мекунанд, аз андешаҳои терроризм пок шуда ба ҷомеа ҳамоиш ёбанд.

XS
SM
MD
LG