Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занбозу занозори Ҳолливуд" гумон аст аз зиндон зинда барояд


Ҳарвӣ Вейнштейн дар Додгоҳи Манҳеттен дар рӯзи 24-уми феврал ба ду ҷиноят гунаҳкор дониста шуд.
Ҳарвӣ Вейнштейн дар Додгоҳи Манҳеттен дар рӯзи 24-уми феврал ба ду ҷиноят гунаҳкор дониста шуд.

Ҳарвӣ Вайнштейн, яке аз продюссерони бонуфузи Ҳолливудро бо гуноҳи таҷовузи ҷинсии як зан ва азияти озори ҷинсии зани дигар ба 23 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳангоми эълони ҳукм Вайнштейни 67-cола дар курсии маълулӣ менишаст ва акнун мумкин аст, то охири умр дар зиндон бимонад. Гузоришҳо доир ба Вайнштейн, ки бо истифода аз мақомаш ба ҳайси яке аз мудирони ширкатҳои маъруфи филмсозӣ ба номуси занон дастдарозӣ мекардааст, соли 2017 ба матбуот роҳ ёфт ва дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Ҳукмро додраси Додгоҳи Манҳеттен Ҷеймс Бурк эълон кард, вале Донна Ротунно, вакили дифои Вайнштейн онро ҳукми "ғайриахлоқӣ ва ноҷавонмардона" номид. Ӯ гуфт, ки додрасҳо ба фишори ҳаракати #MeToo, ки дар доираи он занон зидди озору азияти ҷинсӣ садо баланд карданд, дода шуда ва чунин ҳукмеро содир кардаанд.

Продюссери шинохтаро чанд соат баъд аз эълони ҳукм ба шифохонаи Биливю дар Манҳеттен бурданд. Ҷуда Энгелмайер, сухангӯи Ҳарвӣ Вайнштен гуфт, ки ӯро барои муоинаи "мушкилоти мудавоми қалбиаш ва дарди қафаси сина", ба шифохона бурдаанд. Вайнштейнро ҳафтае пеш дар ҳамин шифохона барои рафъи мушкилоти дилаш ҷарроҳӣ карданд.

Рӯзи 24-уми феврал додрас Вайнштейнро ба азияту озори ҷинсии дастёраш Майми Ҳалей ва таҷовузи ҷинсии Ҷессика Манн, ҳунарпешаи ҷавон гунаҳкор донист. Додситонҳо талаб доштанд, ки ӯ барои ин ҷиноятҳо на камтар аз 5 сол ба зиндон маҳкум шавад.

Шикояти 100 зан аз бадрафторӣ ва озори ҷинсӣ

Ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ Вайнтшейн, Ҳалей ва Ҷессика Манн суханронӣ карданд. Ҷабрдидагон аз осебу азобҳое гуфтанд, ки баъд аз ҳамлаҳои Вайнштейн дидаанд. Майми Ҳалей гуфт: "Маро сахт тарсонд, аз назари равонӣ, эҳсос ва ба таври ҷуброннопазир ва то абад". Ҷессика Манн гуфт: "Оқибати кори ӯро то дами марг аз ёдам намеравад". Ҳарви Вейнштейн, ки дар аробаи маълулӣ менишаст, гуфт: "Ман комилан гиҷ шудаам".

Додситонҳо Вайнштейнро "даррандае" номидаанд, ки занонро бо ваъдаҳои пешрафт дар Ҳолливуд фиреб карда, ба меҳмонхона ва ё хонаҳои хусусиаш бурда, сипас ба онҳо зӯроварӣ ва дастдарозӣ кардааст.

Ҷоан Иллузӣ, яке аз додситонҳо дар додгоҳ гуфт: "Ӯ духтарони орзупарварро инсон намешумурд. Ҳарви Вайнштейн гуфт, ӯ аз сарнавишти ҳазорон марде нигарон аст, ки “дар ҷараёни ҳаракати #MeToo мебозанд, мисли он афроде, ки дар гузашта онҳоро ба коммунист будан муттаҳам карда, обрӯяшонро ба замин задаанд.

Бештар аз 100 зан, аз ҷумла, ҳунарпешагони маъруфи Ҳолливуд аз рафтори Вайнштейн ва дастдарозиву тамаъҷӯии ҷинсии ӯ шикоят карданд, ки дар даҳсолаҳои гузашта рух додааст. Ин шикоятҳо ҳаракати #MeToo ро ба вуҷуд овард ва занони зиёд аз саросари дунё доир ба рафтори шабеҳи мардон дар кишварҳояшон садо баланд карданд.

Ҳарви Вайнштейн мегӯяд, иртиботи ҷинсие, ки бо занон дошт, бо ризоияти тарафайн буд. Майми Ҳалей, ки дар додгоҳ либоси сиёҳ ба бар карда буд, яке аз лаҳзаҳои сӯистифода шуданаш дар хонаи продюссери шинохта дар соли 2006-ро ба ёд овард ва гирист. Ҷессика Манн шаҳодат дод, ки ӯро Вайнштейн соли 2013 дар меҳмонхонае дар Манҳеттен таҷовузи ҷинсӣ кардааст.

Додситони Манҳеттен Сайрус Вэнс ба хабарнигорон гуфт, ки ҳукми додгоҳ паёме ба онҳоест, ки чунин ҷиноят мекунад. Ҳарви Вайнштейн ҳамчунин дар Лос-Анҷелес ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам мешавад ва додситони инҷо рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ҷараёни истирдоди ӯ ба ин шаҳҳро оғоз кардааст.

Вакилони дифои Вайнштейн гуфтаанд, ки аз ҳукми додгоҳи Ню Йорк моҳи июл шикоят мебаранд. Ҳарвӣ Вайнштейн дар гузашта барои филми "Шекспири ошиқ" ҷоизаи мӯътабари Оскарро соҳиб шудааст ва аз офарандагони чандин филми маъруфи дигари Амрикост. Баъд аз рӯ задани иттиҳомот ба зидди ӯ дар матбуот ширкати филмофарии ӯ ва бародараш варшикаста шуд.

XS
SM
MD
LG