Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии алайҳи дастдарозии ҷинсӣ дар Ҳолливуд


Раҳпаймоии эътирозӣ алайи дастдарозии ҷинсӣ дар Ҳолливуд
Раҳпаймоии эътирозӣ алайи дастдарозии ҷинсӣ дар Ҳолливуд

Садҳо нафар зану мард ва кӯдакон рӯзи 12 ноябр дар Ҳолливуд Боулевард - Лос Анҷелес, ба нишони эътироз алайҳи дастдарозии ҷинсӣ дар саноати тафреҳӣ, роҳпаймоӣ карданд.

Тазоҳургарон дар рӯ ба рӯи театре таҷамуъ карданд, ки дар он Ҷоизаи Академӣ ироа мешавад.

Иштирокдорони тазоҳурот мегӯянд, онҳо мехоҳанд сатҳи огаҳӣ дар бораи мавридҳои рӯ ба афзоиши дастдарозии ҷинсӣ, дар байни чеҳраҳои неӯманди саноати тафреҳӣ ва соҳаҳои дигарро боло бардоранд.

Дар ин авохир якчанд мавриди дастарозиҳои ҷинсӣ, бо шумули ҳарфҳои шаҳвонӣ, дастрасонӣ ва таҷовуз ба номус ошкор дар саноати тафреҳӣ фош шуд ва номи чандин ситораи Ҳолливуд, ба мисли Кевин Спейсӣ ва Ҳарви Вайнштейн доғдор гардид.

XS
SM
MD
LG