Пайвандҳои дастрасӣ

Салма Ҳайек коргардон Вайнштейнро ба озори ҷинсӣ айбдор кард


Ҳунарманди Ҳолливуд Салма Ҳайек дар 89-умин маросими супурдани "Оскар"

Салма Ҳайек – ҳунарманди амрикоӣ – дар як матлабе, ки рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” нашр кард, гуфт, ӯ мисли чанд бозигари дигари Ҳолливуд аз тарафи филмсоз Ҳарвӣ Вайнштейн озори ҷинсӣ дидааст. “Ӯ солҳо ҳаюлои ман буд”, - гуфт Ҳайек ва афзуд, дар ниҳояти амр ӯ ба таҳдидҳо тоб навовард ва таслим шуд.

Солҳои 1990 Салма Ҳайек дар филмҳое нақш офарид, ки ширкати Miramax Films тавлид мекард. Яке аз роҳбарони ширкат Ҳарвӣ Вайнштейн буд.

Ҳайек аз филмсоз барои кумакҳояш сипосгузор аст, аммо мегӯяд, Вайнштейн ӯро пайваста таъқиб мекард. “Шабҳо, назди ҳар меҳмонхона ҳозир мешуд, ҷавоби рад ба вақтгузаронӣ, маҳс, шустушӯи муштарак ва ҳамхобагӣ хашми Вайнштейнро ба бор меовард”, - гуфт ӯ.

Ҳангоми сабти филм дар бораи Фрида Кало, соли 2002 Вайнштейн аз Ҳайек “дархости золимонае” кардааст. Ӯ ба сенарияи филм саҳнаи ҳамхобагии ошкорро ворид кард. Ба гуфтаи Ҳайек, ин филм барояш сарнавиштсоз буд ва ӯ саҳнаи бисёр бозро иҷро кард.

“Гап сари ин набуд, ки ман урён дар бари зане будам, гап сари ин буд, ки ман дар бари зане барои Ҳарви Вайнштейн урён будам”, - навиштааст Селма Ҳайек. Филми "Фрида" 56,3 миллион доллар даромад ва ду ҷоизаи "Оскар"-ро ба даст овард.

Даҳҳо зан Вайнштейнро дар озори ҷинсӣ айбдор карданд. Филмсоз ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG