Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонии Қазоқистон чанд фаъоли маданиро бозпурсӣ кард


Фаъолони қазоқ дар назди идораи додситонӣ.
Фаъолони қазоқ дар назди идораи додситонӣ.

Додситонии кулли Қазоқистон дар доираи парвандаи "Паҳнсозии иттилои бардурӯғ", чанд фаъоли маданиро ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кард. Додситонӣ мегӯяд, навори латту кӯби эҳтимолии фаъоли маданӣ Дулат Агадил, ки дар боздоштгоҳ фавтид, дар Интернет паҳн шуд. Агадил рӯзи 24-уми феврал дар боздоштгоҳи Қазоқистон дар шароити шубҳаоваре фавтид.

Ҳамакнун додситонӣ фаъолони маданӣ, аз ҷумла Дархан ва Динора Омирбоевҳо, Медет Аристанов ва Кайрат Сейткалиевро бозпурсӣ кардааст. Бозпурсии онҳо дар бинои Додситонии кул рӯзи сешанбе шуруъ ва то нимашабӣ идома кард. Фаъолон гуфтанд, аз онҳо забонхати паҳн накардани ҷузъиёти бозпурсиро гирифтаанд.

Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 10-уми март хабар дод, ки дар робита ба паҳнсозии хабари бардурӯғи латту кӯб шудани Дулат Агадил дар боздоштгоҳ парванда боз шудааст.

Пештар аз ин фаъолони мадании қазоқ ва ғарбӣ аз мақомоти Қазоқистон талаб карданд, осори шиканҷаи эҳтимолӣ дар бадани фаъоли маданиеро шарҳ диҳанд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Нурсултон ҷон бохт.

Ҳомии ҳуқуқ аз Алмато Бахитҷон Торегожин, раҳбари созмони ғайридавлатии "Ар.Рух.Хак" мегӯяд, маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Дулат Агадил кушта шудааст.

Мушовири калони Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ Ивар Дейл гуфт, эҳтимол фаъоли мадании қазоқ баъди боздошт то дами марг латтукӯб шудааст. Ин ҳомии ҳуқуқ дар паёми худ тавассути "Твиттер" аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостааст, қазияро шарҳ диҳад.

Президенти Қазоқистон то ба ҳол дар бораи марги фаъоли мадание, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон бохт, изҳори назар накардааст.

Коршиноси судӣ-тиббӣ, ки ҷасади Агадилро ташхис кардааст, аз шарҳи қазия худдорӣ карда, гуфт, имзо гузоштааст, ки ҷузъиёти ташхисро ифшо нахоҳад кард. Ёвари калони додситони кулли Қазоқистон Дархон Дусейнбой гуфт, додситонӣ нимаи дувуми 28-уми феврал қазияро шарҳ хоҳад дод.

Пулиси шаҳри Нурсултон 25-уми феврал хабар дод, ки Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кард. "Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

XS
SM
MD
LG