Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти узбек талаб доранд, таблиғоту огоҳиҳо бо забони давлатӣ навишта шаванд


Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбекистон.
Абдуллоҳ Орипов, нахуствазири Узбекистон.

Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон аз навиштани таблиғоту огоҳиҳо бо забони русӣ интиқод кард. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, девони вазирони Узбекистон рӯзи 9-уми март дар робита ба табдили номи кӯчаҳо, маҳалҳои аҳолинишин, забони таблиғоту огоҳиҳо ҷаласа баргузор кард. Сарвазир дар ин ҷаласа номҳои ғайримантиқӣ, таблиғоти берунӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба забони узбекиро танқид кард.

"Бархе аз мағозаҳо, ошхонаву тарабхонаҳои навсохт пушти дарашон бо забони русӣ менависанд, ки "Ба наздикӣ боз мешавем", "Мо кушода шудем". Ҷолиб ин аст, ки навиштани таблиғот бо забони русӣ на танҳо дар маркази шаҳрҳо, балки дар минтақаҳои дурдаст ҳам ба анъана табдил шудааст. Агар бо забони худамон нависед, касе намефаҳмад? Ва ё касе ба мағозаву тарабхонаи шумо ворид намешавад? Ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба забони давлатӣ надоранд ин одамон?", - гуфт Абдулло Орипов.

Сарвазири Узбекистон гуфт, бо назардошти он, ки аксари истеъмолгарони Узбекистон узбекзабонон ҳастанд, таблиғоту огоҳиҳо низ бояд бо забони давлатӣ сурат гиранд.

"Дар таблиғот мо пеш аз ҳама бояд авлавияти забони давлатиро таъмин кунем",-афзуд вай.

XS
SM
MD
LG