Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 видео ба Озмуни "Лаҳзаҳои интихобот" роҳ ёфтанд


Кӣ чӣ гуна раъй дод? Навори корбарон ба озмун
Кӣ чӣ гуна раъй дод? Навори корбарон ба озмун

Озмуни Радиои Озодӣ бо номи "Лаҳзаҳои интихобот" баста шуд ва 14 навор барои арзёбии доварону бинандагон пешниҳод гаштанд. Барои беҳтарин наворҳо ҷоиза ё мукофот дода хоҳад шуд. Аз ҷумла – видеокамера, планшет ва смартфон.

Ин мусобиқа ба муносибати рӯйдоди муҳими Тоҷикистон – Интихоботи порлумонии 1-уми март эълон шуда буд. Аз ширкаткунандагон дархост мешуд, ки лаҳзаҳои ҷолибу нотакрори маъракаи интихоботиро ба навор гиранд ва ба Радиои Озодӣ фиристанд.

Акнун аз шумо бинандагони муҳтарам хоҳиш дорем, ба сафҳаи мо дар Ютюб дароед ва ин наворҳоро баҳо диҳед, 6 наворе, ки баҳои баландтарин гиранд, ба марҳалаи дувуми озмун роҳ дода мешаванд. Шумо метавонед ба наворе, ки онро беҳтарин мешуморед, лайк гузоред ва ақидаи худро дар комментҳо нависед.

XS
SM
MD
LG