Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як полковник ва ду ситезаҷӯ дар даргирии Покистон


Як полковник ё сарҳанги неруҳои мусаллаҳи Покистон ва ду гумонбаршудаи терроризм дар бархурди мусаллаҳона дар Хайбар-Пахтунхва, вилояти шимолуғарбии Покистон, кушта шуданд.

Даргирӣ дар маконе бо номи Тонк рӯзи 9 март, дар ҳоле ба амал омад, ки артиши Покистон бар пояи маълумоти иктишофӣ як “махфигоҳи террористон”-ро ҷустуҷӯ мекард.

Бино бар маълумоти нерҳои амниятии Покистон, дар ин ҷо анбори калони силоҳу муҳимоти ҷангӣ кашф ва мусодира шудааст.

Чанд моҳи охир неруҳои мусаллаҳи Покистон дар минтақаи шимолуғарбии ин кишвар амалиёти поккориро пеш мебаранд. Вале ин минтақаи ҳаммараз бо Афғонистон ҳамоно ҳамчун макони ҳамлаҳои хунин, куштор ва таркиши минаҳо боқӣ мемонад.

Ин дар ҳолест, ки сарвазири Покистон Имрон Хон борҳо иттиҳомотро дар бораи он ки кишвараш ба ҷангҷӯён паноҳ медиҳад, рад кардааст ва исрор меварзад, ки ҳукумати ӯ барои мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя "ҳама корро" кардааст.

XS
SM
MD
LG