Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Belavia парвозҳояшро ба Ишқобод қатъ кард


Як ҳавопаймои ширкати Belavia. Акс аз бойгонӣ.
Як ҳавопаймои ширкати Belavia. Акс аз бойгонӣ.

Ширкати ҳавопаймоии Белорус - "Belavia" парвозҳояшро ба шаҳри Ишқободи Туркманистон қатъ кард.

Сомонаи "34travel" бо истинод ба муовини мудири ширкати ҳавопаймоӣ хабар дод, ки "Belavia" ба иллати коронавирус парвозҳоро ба Ишқобод қатъ ва ба Милан кам кард.

Дар бораи қатъи парвози ҳавопаймоҳои белорусӣ ба Ишқобод сомонаи нимарасмии "Туркманпортал" низ хабар дод. Ба иттилои ин расона, дар масири Ишқобод - Минск феълан танҳо ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии Туркманистон парвоз мекунанд.

Пештар ширкати ҳавопаймоии Туркманистон парвозҳои худро ба Чин ва Туркия қатъ карда буд. Ширкати ҳавопаймоии Туркия нақшаи парвозҳоро дар масири Истамбул-Ишқобод тағйир дода, ҳоло ба шаҳри Туркманобод парвоз мекунад.

XS
SM
MD
LG