Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти 19 нафар аз коронавирус дар Амрико


Киштии "Grand Princess" дар Сан Франсискои Амрико, ки дар миёни мусофиронаш гирифторони коронавирус ошкор шудааст
Киштии "Grand Princess" дар Сан Франсискои Амрико, ки дар миёни мусофиронаш гирифторони коронавирус ошкор шудааст

Бо ҷон бохтани ду тани дигар дар Вашингтон шумораи қурбониён аз коронавирус дар Иёолоти муттаҳидаи Амрико ба 19 тан расид.

Шаҳрдори Ню Йорк ҳам эълон кардааст, ки шумораи афроди мубтало ба вируси корона ба 89 нафар афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки роҳбарони соҳаи тандурустии ҷаҳон ба кишварҳо ҳушдор додаанд, ки паҳншавии коронавирусро ҷиддӣ қабул кунанд, зеро он дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ бо суръат паҳн мешавад. Ҳолланд ва Ватикан рӯзи 6-уми март дар бораи ҳолатҳои тасдиқшудаи вирус хабар доданд ва шумораи гирифторон дар саросари ҷаҳон ба 100 ҳазор нафар наздик аст.

Ин беморӣ, ки дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн шудааст, дар Чин сар зад ва то кунун сабаби марги зиёда аз 3300 нафар шуд.

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба хабарнигорон гуфт, “ин машқ нест” ва даъват кард, ки барои истодагарӣ ба паҳншавии вирус ба “ҳуҷуми сахт” омодагӣ гиранд.

Сенати Амрико 5-уми март лоиҳаи 8,3 миллиард долларро барои мубориза ба ин беморӣ қабул кард.

XS
SM
MD
LG